Қуръони Карим Тафсири Осонбаён Apple

Қуръони Карим Тафсири Осонбаён

Education

Overview

Version:
1.3.4
Last updated: 2026-07-17
Ranking
#1,859,279
Overall

Features & Capabilities

Ин барнома як платформаи исломӣ мебошад, ки барои мусалмонон, махсусан барои истифодабарандагони тоҷикзабон таҳия шудааст. Бо тарҳрезии замонавӣ, имкониятҳои васеъ ва тарҷумаҳои боэътимод, шумо метавонед Қуръони Карим - Каломи Аллоҳро ба осонӣ хонед, омӯзед ва ба он гӯш диҳед.

Имкониятҳои асосӣ Тарҷумаҳои оёти Қуръон

Тарҷумаи тоҷикӣ (3-то), русӣ ва форсӣ: Аз ҷумла тарҷумаи Абӯаломуддин (бо тафсир), Абдул Муҳаммад Оятӣ, Элмир Кулиев ва ғ.

Тарҷумаи аудиоии оятҳо бо форсӣ, русӣ, англисӣ, ва ғайра барои гӯш додан ва дарк кардани маъонии оятҳо.

Транслитератсия - тарзи хондани оятҳо бо хати кирилӣ

Ҳолати калима ба калима: тарҷумаи ҳар як калимаи Қуръон дар зери калимаи арабӣ

Тиловати пурраи Қуръон аз тарафи 150+ Қорӣ

150+ қорӣ: Аз ҷумла Мишарӣ Алафасӣ, Абдулбосит, Ҳусарӣ, Миншавӣ ва бисёр дигарон.

Қироати сураҳо пурра бо сифати баланд.

Оят ба оят: Дастгирӣ аз ҷониби 25+ қорӣ.

Абзорҳои исломӣ

Зикрҳои исломӣ барои ҳаррӯза хондан.

Омӯхтан ва аз худ кардани тарҷумаи калимаҳои Қуръон тариқи бозӣ

Дуоҳои “Раббано”, дуоҳои паёмбарон, дуоҳои Қуръонӣ.

Рӯйхати паёмбарон ва оятҳое ки онҳо дар он зикр шудаанд.

Иқтибосҳо ва ёдовариҳо аз Қуръони Карим

99 Номи мубораки Аллоҳ - Асмоул Ҳусно.

Ҷустуҷӯ

Ҷустуҷӯи дар матни арабӣ, тарҷумаҳо ва транслитсия.

Филтрҳо барои сура, ҷузъ ва саҳифа.

Гузариши фаврӣ ба ҳар сура, оят, ҷузъ ё саҳифа.

Нишонгузорӣ ва нигоҳдории оятҳои муҳим.

Вақтҳои намоз

Огоҳиҳои намоз.

Тарроҳии беҳтарин ва замонавӣ

Реҷаҳои равшан, торик ва ғайра.

Чаро ин барнома?

Ҳамаи чизҳои муҳим дар як ҷо.

Ҳама чиз бо забони тоҷикӣ ва фаҳмо.

Интерфейси осон барои калонсолон ва ҷавонон.

Навсозиҳои мунтазам ва беҳбудиҳои пайваста.

Ҳифзи махфият – маълумоти шумо амн мемонад.

Барои кӣ мувофиқ аст?

Хондани ҳаррӯза

Қироат ва гӯшкунӣ

Омӯзиши забони арабӣ

Ҳифз ва такрор

Таълим ва худомӯзӣ

Пуштибонӣ

Агар пешниҳод, савол ё мушкилие доред — бо мо дар тамос шавед. Назарҳои шумо ба беҳтар шудани барнома кумак мекунанд.

User Growth & Download Statistics

Contact the developer

Chrome-Stats does not own this Apple app. Please use these information below to contact the Apple app developer.
Developed by:
Muhammadsharif Zabirov
Apple Apps Store
https://apps.apple.com/us/app/%D2%9B%D1%83%D1%80%D1%8A%D0%BE%D0%BD%D0%B8-%D0%BA%D0%B0%D1%80%D0%B8%D0%BC-%D1%82%D0%B0%D1%84%D1%81%D0%B8%D1%80%D0%B8-%D0%BE%D1%81%D0%BE%D0%BD%D0%B1%D0%B0%D1%91%D0%BD/id6787344485
Website:
https://quran.tj

Best Қуръони Карим Тафсири Осонбаён Alternatives

Here are some Apple apps that are similar to Қуръони Карим Тафсири Осонбаён: